Июл 08, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Заъфи зерсохтҳо монеи дастрасии умумӣ ба оби тоза дар Тоҷикистон

Коршиноси умури об дар Тоҷикистон мегӯяд, омили аслии дастрасӣ надоштани мардуми ин кишвар ба оби ошомидании тоза набуди зерсохтҳои кофӣ ва созмонҳои маблағгузори таъмини об аст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Камолиддин Сироҷиддинов таъкид кардааст, ки бо вуҷуди захоири обии қобили мулоҳиза дар Тоҷикистон, ин кишвар дар миёни 177 кишвари ҷаҳон дар таъмини оби ошомидании тоза мақоми 158-уми ҷаҳониро ба худ ихтисос додааст.

Вай афзуд, Тоҷикистон ҳатто дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) бо таъмини ниёзи 57, 5 дарсадии ҷамъияти худ ба оби ошомидании тозаву беҳдоштӣ дар ҷойгоҳи охир қарор гирифта, ҳол он ки ин мизон дар Қазоқистон 86 дарсад, дар Ӯзбакистон 82 дарсад, Қирғизистон 77 дарсад ва дар Туркманистон 72 дарсад аст.

Пеш аз ин Тағоймурод Исломзода, раиси корхонаи таъмини оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки барои таъмини оби ошомидании тозаи мавриди ниёзи мардуми ин кишвар бояд 2 миллиард доллар сармоягузорӣ шавад.

Вай бо ишора ба вуҷуди захоири фаровони об дар Тоҷикистон гуфта буд, ба далели камбуди манобеи молӣ барои лӯлакашии об ва нигаҳдории шабакаҳои обрасонӣ ҳанӯз ҳам наздик ба ниме аз мардуми ин кишвар аз дастрасӣ ба ин неъмати муҳими ҳаётӣ маҳруманд.

Ба гуфтаи раиси корхонаи таъмини оби Тоҷикистон, арзиши аслии тавлиди ҳар як литр оби ошомидании тоза дар ин кишвар 2 сомониву 30 дирам аст ва ин дар ҳолест, ки бахши хонагӣ танҳо 88 дирам пардохт мекунад.

Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик танҳо бо кӯмаки молии бонкҳову муассисоти молии байналмилалӣ таъмини оби ошомидании мавриди ниёзи беш аз як миллиону 200 ҳазор нафар аз сокинони шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Хоруғ ва Истиқлол имконпазир хоҳад шуд.

 

Барчасп