Pars Today
Раиси Утоқи саноеъ ва маодини ҳукумати Толибони Афғонистон бо таъкид бар сармоягузорӣ дар бахши рейлии ин кишвар, иттисоли рейлии Қандаҳор ба бандари Чобаҳори Эронро аз авлавиятҳои Афғонистон донист.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ аз тариқи бандари Чобаҳор тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Сухангӯи Утоқи саноеъ ва маодини Афғонистон гуфт, бандари Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистон, дар ҷанубу шарқи Эрон, арзонтарин ва амнтарин масир барои тоҷирон ва фаъолони ҳавзаи саноеъи Афғонистон аст.
Фармондеҳи нируи дарё(баҳри)и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз баргузории размоиши дарёии муштараки Эрон, Русия ва Чин хабар дод.
Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон ва мудири кули минтақае Вазорати хориҷаи Ҳинд дар бораи нақши бандари Чобаҳор дар рушди муносиботи иқтисодӣ бо Афғонистон гуфтугу карданд.
Вазири роҳу нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Эрон дар ин кишвар омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ба манзури эҷоди таъсисоти лозим ҷиҳати транзити коло аз қаламрави Эронро эълом намуд.
Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар гузорише ба шарҳи тавофуқ бо Эрон барои истифода аз бандари Чобаҳор бо ҳадафи дастрасӣ ба уқёнуси Ҳинд пардохт ва навишт: Эҷоди боркашонии ҷодаӣ аз масири «Тоҷикистон - Узбакистон - Туркманистон - Эрон» бо истифодаи муассир аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор, фурсати ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Эронро бештар хоҳад кард.
Муовини муҳандиси ва зербанои Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон гуфт: Қарордод бо давлати Ҳинд барои рушди бандари Чобаҳор, ҷанубу шарқи Эрон, дар мароҳили тадвини ниҳоӣ қарор дорад.
Муовини ҳамлунақли вазири роҳу шаҳрсозии Эрон аз омодагии Эрон барои транзити як миллион тонна коло аз Осиёи Марказӣ ва ҷазби сармоягузорон дар бандарҳои ҷануби Эрон хабар дод.
Мудири омили минтақаи озоди Чобаҳор гуфт : Бандари Чобаҳор ба унвони яке аз бандарҳои муҳим ба иллати мавқеъияти стратегӣ ва дастёбӣ ба обҳои хатҳои транзитӣ зарфияти роҳандозии хатҳои транзитӣ ва дар натиҷа равнақбахшӣ ба иқтисоди Эрону Осиёи Марказиро дорад.