Март 02, 2023 17:04 Asia/Dushanbe
  • Мудири омили минтақаи озоди Чобаҳор : Чобаҳор зарфияти равнақбахшӣ ба иқтисоди Эрону Осиёи Марказиро дорад

Мудири омили минтақаи озоди Чобаҳор гуфт : Бандари Чобаҳор ба унвони яке аз бандарҳои муҳим ба иллати мавқеъияти стратегӣ ва дастёбӣ ба обҳои хатҳои транзитӣ зарфияти роҳандозии хатҳои транзитӣ ва дар натиҷа равнақбахшӣ ба иқтисоди Эрону Осиёи Марказиро дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амири Муқаддамудири омили созмони минтақаи озоди Чобаҳор дар дидор бо сафири Ҷопон афзуд : Зарфиятҳои Чобаҳор дар ҳавзаи гардишгарӣ ва саноеъи транзитӣ ба воситаи мавқеъияти геополитикии ин минтақа дорои арзишҳои бисёре барои алоқамандон ба ин ду ҳавза аст .
Муқаддам ҳамчунин аз ифтитоҳи нахустин навбати корхонаи петрошимӣ(нафту кимиё)и Чобаҳор дар соли 2023 хабар дод ва афзуд : Бар асоси асноди роҳбурдӣ минтақаи озоди Чобаҳор қутби сеюми саноъати петрошимӣ дар Эрон аст .
Раиси ҳайати мудира ва мудир омили созмони минтақаи озоди Чобаҳор бо ишора ба барномаҳои тавсеаии ин бандар барои суръатбахше дар раванди такмили хати роҳи оҳани Чобаҳор ба Зоҳидон ва иттисол ба коридори Шимол – Ҷануб, аз омодагии ин минтақа барои эҷоди як масири амни тиҷорӣ барои дастрасии фаъолони иқтисодии дохилӣ ва кишварҳои ҳамсояи шарқи Эрон хабар дод.
Айкава Казутоши-сафири Ҷопон ба ҳамроҳи намояндаи барномаи умрони Созмони Миллали Муттаҳид дар Эрон ва ҳайати ҳамроҳ ба Чобаҳор сафар кардааст.

 

Барчасп