-
Саудиҳо 13 киштии сӯзишворӣ ва маводи ғизоии мардуми Яманро тавқиф карданд
Феврал 02, 2020 09:56Масъулони бандари Ал-Хадидаи Яман эълом карданд, эътилофи саудӣ бо тавқифи 13 киштии ҳомили сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар атрофи ин бандар монеи паҳлугирии киштиҳо дар бандари Ал-Хадида мешаванд.
-
Иттиҳодияи араб Тарҳи муомилаи қарнро напазируфт
Феврал 01, 2020 17:33Иттиҳодияи араб дар нишасти фавқулодаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ин иттиҳодия дар Қоҳира бо судури баёнияе Тарҳи муомилаи қарнро рад кард.
-
Захмӣ шудани 11 фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Масҷидулақсо
Январ 31, 2020 18:47Нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ бо юриш ба Масҷидулақсо, 11 намозгузори фаластиниро захмӣ карданд.
-
Таъкиди раиси парлумони Кувайт бар ташкили кишвари мустақили фаластинӣ
Январ 31, 2020 18:23Раиси маҷлиси парлумони Кувайт бо ишора ба тарҳи амрикоии “Муомилаи қарн”, бар ташкили кишвари мустақили фаластинӣ таъкид кард.
-
Таҳдиди Кушнер алайҳи сарони фаластинӣ
Январ 30, 2020 17:11Мушовири раисиҷумҳури Амрико дар вокуниш ба мухолифати якпорчаи сарони Фаластин бо тарҳи амрикоии “муомилаи қарн”, ононро таҳдид кард, ки бояд ба ин тарҳ тан бидиҳанд.
-
Тарҳи "муомилаи қарн" ё идомаи ишғоли Фаластин
Январ 30, 2020 16:41Аз соли 1948 токунун сиёсати собити Исроил тавсеаталабӣ ва тасарруф будааст. Ҳатто ҳангоме, ки Исроил шибҳи ҷазираи Синоро ба Миср пас дод, дар манотиқи дигаре даст ба тасарруф ва ишғолгарӣ зад то ҷуброни он шавад.
-
Мавзеъгирии рӯзномаҳои мисрӣ алайҳи тарҳи амрикоии “муомилаи қарн”
Январ 30, 2020 14:47Бар хилофи мавзеи созишкоронаи давлати Миср дар ҳимоят аз тарҳи амрикоӣ- саҳюнистии “муомилаи қарн”, рӯзномаҳои ин кишвар ба инъикоси эътирозҳо ба ин тарҳи зидди фаластинӣ пардохтанд.
-
Мақомоти Лубнон: “Муомилаи қарн” ёдовари ишғоли Фаластин дар соли 1948
Январ 29, 2020 15:18Мақомот ва ҷараёнҳои мухталифи Лубнон эълом карданд, “Муомилаи қарн” солрӯзи ишғоли Фаластинро дубора зинда кард ва лубнониҳо “шоҳиди дурӯғин” дар маросими эъдоми ҷадиди фаластиниҳо нахоҳанд буд.
-
“Ассошэйтед пресс”: Ҳамалоти ДИИШ баъд аз террори генерал Сулаймонӣ афзоиш ёфтааст
Январ 28, 2020 16:08Хабаргузории “Ассошэйтед пресс” гузориш дод, дар пайи террори генерал Сулаймонӣ ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ фаъолтар шудаанд ва дар чанд ҳафтаи гузашта ҳамалоти онҳо дар саросари Ироқу Сурия афзоиш ёфтааст.
-
Вокуниши тунди раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ба тарҳи “муомилаи қарн”
Январ 28, 2020 15:22Як шабакаи саҳюнистӣ гузориш кард, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар ҷаласае пушти дарҳои баста аз тарҳи “муомилаи қарн” ба шиддат ибрози норизоиятӣ карда ва аз ин ки Доналд Трамп ӯро таҳдид карда, ба шиддат асабонӣ аст.