Январ 30, 2020 18:17 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии рӯзномаҳои мисрӣ алайҳи тарҳи амрикоии “муомилаи қарн”

Бар хилофи мавзеи созишкоронаи давлати Миср дар ҳимоят аз тарҳи амрикоӣ- саҳюнистии “муомилаи қарн”, рӯзномаҳои ин кишвар ба инъикоси эътирозҳо ба ин тарҳи зидди фаластинӣ пардохтанд.

Рӯзномаи “Ал Миср ал-Явм" навишт, тарҳи “муомилаи қарн”, эътирозот ва эътисобҳоро дар Фаластин шӯълавар кард.

Рӯзномаи мисрии “Ал Аҳром” низ дар гузорише навишт, хашми фаластиниён дар Каронаи бохтарӣ дар эътироз ба тарҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико афзоиш ёфт.

Рӯзномаи мисрии “Ал Шуруқ” низ гузориш дод, хашми густурда дар сарзаминҳои Фаластин дар эътироз ба тарҳи Трамп шакл гирифтааст.

Фаъолони маданӣ ва гурӯҳҳои сиёсии мухталифи Миср низ ба мавзеи созишкоронаи Қоҳира дар ҳимоят аз тарҳи амрикоии “муомилаи қарн” эътироз карданд.

Давлати Миср бетаваҷҷӯҳ ба мухолифати густурда дар ин кишвар ва умуми кишварҳои исломӣ, аз тарҳи зидди фаластинии “муомилаи қарн” ҳимоят кардааст.

Трамп рӯзи сешанбе (28 январ) дар нишасте ҳамроҳ бо Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Кохи Сафед, аз тарҳи “муомилаи қарн” рӯнамоӣ кард.

Бар асоси ин тарҳ, кулли шаҳри Қудс ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад, оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти арозии боқимондаи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғазаро хоҳад дошт.

Бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ бо ин тарҳ ба шиддат мухолифат кардаанд.

 

 

Барчасп