Ниҳодҳои байналмилалӣ : Буҳрони инсонӣ дар Ғазза фоҷеъабор шудааст
(last modified Sat, 10 May 2025 03:32:45 GMT )
Май 10, 2025 08:32 Asia/Dushanbe
  • Ниҳодҳои байналмилалӣ : Буҳрони инсонӣ дар Ғазза фоҷеъабор шудааст

Порстудей - Дар ҳолеки се ниҳоди байналмилалӣ ҷумъа бори дигар зимни ҳушдор дар бораи қаҳтӣ , ривоҷи беморӣ ва маргу мири бархоста аз гуруснагӣ дар Ғазза , хостори таваққуфи фаврии ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ва вуруди бемонеъаи кумакҳои инсондӯстона ба ин минтақаи муҳосирашуда шуданд , артиши режими Исроил анбори кумакҳои инсонӣ дар Ғаззаро бомбаборон кард .

Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард, ки захираҳои пизишкии ин созмон рӯ ба поён аст ва ҳеҷ гӯна кумаки наве дар 65 рӯзи гузашта вориди Ғазза нашудааст . Ин созмон афзуд, ки ниёзи фаврӣ ба боз шудани гузаргоҳҳо аст ва хостори рафъи муҳосираи Ғазза ва барқарории оташбас дар ин минтақа шуд . Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид барои муқобила бо табъизи нажодӣ низ ҳушдор дод, ки идомаи вазъияти кунунӣ боиси бурузи фоҷеъае инсонӣ хоҳад шуд ва мардуми Ғаззаро дар маърази хатари гуруснагӣ , беморӣ ва марг қарор додааст.