Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон : Эрон ҳаргиз таслими иродаи сиёсии дигарон намешавад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120380
Порстудей - Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон чаҳоршанбе гуфт : Ба мақомоти Амрико мегӯйем барои ҳар сенарияе омодаем , кишвари мо ҳаргиз таслими иродаи сиёсии дигарон намешавад ва таслим нахоҳем шуд .
(last modified 2025-05-28T08:21:40+00:00 )
Май 28, 2025 13:16 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон : Эрон ҳаргиз таслими иродаи сиёсии дигарон намешавад

Порстудей - Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон чаҳоршанбе гуфт : Ба мақомоти Амрико мегӯйем барои ҳар сенарияе омодаем , кишвари мо ҳаргиз таслими иродаи сиёсии дигарон намешавад ва таслим нахоҳем шуд .

Сардор, сарлашкар Ҳусайни Саломӣ , гуфт : Агар қудрати дифоии Эрон фурсати зуҳӯр пайдо кунад , душманон хоҳанд донист, ки чи тӯфоне хоҳад вазид ва дарҳои ҷаҳаннам ба рӯйи онҳо боз хоҳад шуд . Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон афзуд : Ба саҳюнистҳо, ки ҳамчунон бо лафзбозӣ миллати Эронро таҳдид мекунанд , мегуем агар даст аз по хато кунанд ва ғалате муртакиб шаванд(дучори иштибоҳ шаванд) , дарвозаҳои оташро беҳаду ҳаср ба рӯйи онҳо хоҳем гушуд .