Натанияҳу масъулияти террори донишмандони эрониро бар уҳда гирифт
-
Натанияҳу масъулияти террори донишмандони эрониро бар уҳда гирифт
Порс тудей- Нахуствазири режими саҳюнистӣ барои нахустинбор масъулияти террори донишмандони эронӣ дар солҳои гузаштаро бар уҳда гирифт, иқдоме, ки режими Тел-Авив, пештар онро рад мекард.
Бинямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News ба собиқаи ҳукумати террористиаш ишора кард ва масъулияти террори донишмандонӣ Эрон дар солҳои гузаштаро бар уҳда гирифт ва гуфт: Мо қаблан ҳам донишмандони эрониро ҳазф кардаем, аммо дар ин ҷанги ахир, чеҳраҳои барҷастаиро ҳадаф қарор додем. Натанияҳу ҳамчунин гуфт: Тел-Авив дар талош аст то ба тавофуқе барои барқарории оташбаси 60 рӯза дар Ғазза даст ёбад. Иддаои нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки ӯ ба унвони муҳимтарин монеъ барои расидан ба тавофуқ барои табодули асирон бо Ҳамос қаламдод мешавад.