Эрон: Ҳар гуна музокира ба зарурати манфиатҳо вобаста аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121390
Порс Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи чаҳоршанбе гуфт: Ҳар гуна музокира ба зарурати манфиатҳо вобаста аст.
(last modified 2025-08-07T12:44:11+00:00 )
Август 07, 2025 08:43 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Ҳар гуна музокира ба зарурати манфиатҳо вобаста аст

Порс Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи чаҳоршанбе гуфт: Ҳар гуна музокира ба зарурати манфиатҳо вобаста аст.

Саидаббоси Ироқчӣ дар посух ба ин суол, ки «оё қарор аст, даври ҷадиди музокироти Эрону Амрико баргузор шавад?», гуфт: Қароре, ки қатъӣ шуда бошад, хайр, суҳбатҳое буда ва ҳаст, паёмҳое аз тарафи муқобил ба мо расида ва инки дар ояндаи наздик ё оянда дур гуфтугӯ ва музокира сӯрат бигирад, бастагӣ ба ин дорад, ки масолеҳи Ҷумҳурии исломӣ чӣ иқтизо мекунад. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки музокира бахше аз арсаи ҳамовардии Эрон бо бақияи дунё, аз ҷумла дар ин мавриди мушаххас, яъне Амрико аст, афзуд: Дар ростои таъмину масолеҳи кишвар ҳарҷо лозим бошад меҷангем, ҳарҷо лозим бошад дипломасӣ ва музокира мекунем ва ҳеҷ як аз абзорҳои мавҷӯдро дар ростои таъмини манофеъ аз даст намедиҳем.