Мақоми фаластинӣ : Саҳюнистҳо аъзои бадани шаҳидонро дуздидаанд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122460-Мақоми_фаластинӣ_Саҳюнистҳо_аъзои_бадани_шаҳидонро_дуздидаанд
Порс тудей – Мудири кулли Дафтари итилоърасонии давлати Фаластин дар навори Ғазза бо ишора ба дарёфти 120 пайкари шаҳид , аз дуздии андомҳои бадани онҳо тавассути ишғолгарон хабар дод ва хостори ташкили кумитаи таҳқиқи байналмилалӣ шуд.
(last modified 2025-10-18T07:46:30+00:00 )
Октябр 18, 2025 12:42 Asia/Dushanbe
  •   Алсавобита : Саҳюнистҳо аъзои бадани шаҳидонро дуздидаанд
    Алсавобита : Саҳюнистҳо аъзои бадани шаҳидонро дуздидаанд

Порс тудей – Мудири кулли Дафтари итилоърасонии давлати Фаластин дар навори Ғазза бо ишора ба дарёфти 120 пайкари шаҳид , аз дуздии андомҳои бадани онҳо тавассути ишғолгарон хабар дод ва хостори ташкили кумитаи таҳқиқи байналмилалӣ шуд.

Исмоил Алсавобита эълом кард, ки чашм , қарния ва дигар аъзои бадани бисёре аз шаҳидон нопадид шудаанд . Ӯ гуфт : Пайкарҳои дарёфтшуда аз тариқи Салиби Сурх , нишонаҳое аз қатли майдонӣ ва шиканҷаву қатли барқасдона доштанд. Бархе шаҳидон бо чашмони баста , дасту пои баста ва осори хафагӣ бозгардонда шуданд . Вай ин иқдомотро « ҷинояти ваҳшиёна » хонд ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост то Исроилро дар мавриди ин ҷиноятҳо посухгӯ кунад . Алсавобита хостори ташкили фаврии кумитаи таҳқиқи байналмилалӣ тавассути ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ шуд.