Нигаронии саҳюнистҳо аз таҳаррукоти ягони Ризвони Ҳизбуллоҳ дар марзҳо
-
Нигаронии саҳюнистҳо аз таҳаррукоти ягони Ризвони Ҳизбуллоҳ дар марзҳо
Порс-Тудей. Як рӯзномаи лубнонӣ панҷшанбе дар гузорише аз нигаронии ҷиддии режими саҳюнистӣ аз таҳаррукоти малмуси неруҳои ягони Ризвони Ҳизбуллоҳ (неруҳои ягони вижа) дар марзҳо хабар дод.
Рӯзномаи “Ал-Диёр”-и Лубнон дар гузориши худ навишт: Пас аз оғози иҷрои тавофуқи оташбас дар Ғазза, режими саҳюнистӣ бори дигар бар ҷабҳаи Лубнон мутамаркиз шудааст. Ин рӯзнома афзуд: Расонаҳои саҳюнистӣ аз нигаронии ҷиддии артиши режими ишғолгар аз таҳаррукоти эҳтимолии ягони Ризвони Ҳизбуллоҳ дар марзҳо сухан мегӯянд.
Бар асоси дидгоҳи таҳлилгарони исроилӣ, таваққуфи ҷанг дар Ғазза бар печидагӣ дар ҷабҳаи Лубнон афзудааст, зеро Ҳизбуллоҳ бар адами халъи силоҳ исрор дорад ва ҳатто дар ҳоли тавсеаи силоҳи худ низ ҳаст.
Ин гузориш меафзояд, ки ҳамзамон бо таҳдидҳо ва фишорҳои режими Исроил, ахборе дар чанд рӯзи гузашта ба нақл аз афсарони баландпояи ин режим мунташир шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки Ҳизбуллоҳ ба суръат дар ҳоли бозсозии тавони низомӣ ва ташкилотии худ аст ва то кунун тавониста санъати низомии худро ба вижа дар заминаи сохти мушакҳои дақиқтар аз ончӣ пеш аз ҷанг дар ихтиёр дошт, бозсозӣ кунад.