Аврупоиҳо дар Гренландия зидди Амрико размоиш баргузор мекунанд
-
Аврупоиҳо дар Гренландия зидди Амрико размоиш баргузор мекунанд
Порс-Тудей. Шуморе аз кишварҳои аврупоӣ неруҳои низомии худро барои баргузории як размоиши муштарак бо Дания, ба Гренландия дар Қутби Шимол фиристоданд.
Шабакаи Си Эн Эн гузориш дод, ки чанд кишвари аврупоӣ дар ҳоли истиқрори шуморе аз неруҳои низомии худ дар Гренландия, дар Қутби Шимол ҳастанд то дар размоиши муштарак бо артиши Дания мушорикат кунанд.
Бар асоси ин гузориш, Олмон, Шветсия, Норвегия, Фаронса ва Финландия то кунун таъйид кардаанд, ки неруҳои низомии худро тайи ҳафтаи ҷорӣ ба Гренландия эъзом кардаанд.
Ин размоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пас аз рабудани Николас Мадуро, раиси ҷумҳури қонунии Венесуэла, бар тасоҳуби Гренландия тамаркуз кардааст. Трамп ахиран эълом кард, ки Гренландияро аз роҳи осон, яъне музокираву тавофуқ ва ё аз роҳҳои сахт (гузинаи низомӣ) тасоҳуб хоҳад кард. / “Форс”