Таҷаммуъи эътирозӣ дар Ҳоланд алайҳи мудохилаи хориҷӣ дар умӯри дохилии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123872-Таҷаммуъи_эътирозӣ_дар_Ҳоланд_алайҳи_мудохилаи_хориҷӣ_дар_умӯри_дохилии_Эрон
Порс тудей - Ҷамъе аз эрониёни муқими Ҳоланд(Голландия) бо таҷаммуъи муқобили Вазорати умӯри хориҷаи ин кишвар , мудохилаи хориҷӣ дар умӯри дохилии Эронро маҳкум карданд.
(last modified 2026-01-17T08:28:39+00:00 )
Январ 17, 2026 13:23 Asia/Dushanbe
  •  Таҷаммуъи эътирозӣ дар Ҳоланд алайҳи мудохилаи хориҷӣ дар умӯри дохилии Эрон
    Таҷаммуъи эътирозӣ дар Ҳоланд алайҳи мудохилаи хориҷӣ дар умӯри дохилии Эрон

Порс тудей - Ҷамъе аз эрониёни муқими Ҳоланд(Голландия) бо таҷаммуъи муқобили Вазорати умӯри хориҷаи ин кишвар , мудохилаи хориҷӣ дар умӯри дохилии Эронро маҳкум карданд.

Дар ин таҷаммуъи эътирозӣ, ки рӯзи ҷумъа бо ҳузури шуморе аз эрониёни муқими Ҳоланд ва теъдодӣ аз шаҳрвандони дигари кишварҳо баргузор шуд, ширкаткунандагон бо сар додани шиорҳову қироати баёния, мудохилоти кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрикоро дар умӯри дохилии Эрон ба шиддат маҳкум карданд. Дар баёнияи қироатшуда дар ин таҷаммуъ , ширкаткунандагон зимни таъкид бар ҳимоят аз ҳокимияту истиқлоли Ҷумҳурии исломии Эрон , хостори поён ёфтани рӯйкардҳои мудохилаҷӯёна ва фишорҳои хориҷӣ алайҳи миллати Эрон шуданд.