Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҳадаф аз тиловати Қуръон таъсиргузори бар шунавандагони он бошад
(last modified 2023-03-24T09:26:12+00:00 )
Март 24, 2023 14:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҳадаф аз тиловати Қуръон таъсиргузори бар шунавандагони он бошад
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҳадаф аз тиловати Қуръон таъсиргузори бар шунавандагони он бошад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маҳфили унси бо Қуръон дар аввалин рузи моҳи мубораки Рамазон таъкид карданд: Ҳадаф аз тиловати Қуръон таъсиргузори бар шунавандагони он бошад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар аввалин рузи моҳи мубораки Рамазон дар маҳфили унси бо Қуръон, ки бо ҳузури шумори аз қориён ва асотиди мумтоз ва фаъонони қуръонӣ баргузор шуд омехта шудани маҷлисҳои тиловати Қуръон бо тарҷума ва тафсири оятҳоро барои интиқоли мафоҳим ва мазомини қуръонӣ ба мустаъмин ва асаргузории бар онҳо зарури хонданд ва мутахасисон ва фаъолони қуръониро ба талош барои ёфтани шеваҳои ин масъала муҳим фарохонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо шукргузори ба даргоҳи Парвардигори Карим ба хотири бархурдории Эрон аз неъмати вуҷуди қориёни фаровони барҷаста, хушхон ва саҳеҳхон ва ошно бо шеваҳои хуби тиловат гуфтанд: Бар асоси гузоришҳо рушди шохиси Қуръон дар кишвар бештар аз ҳамаи шохисаҳо аст, ки ин амр мояи хурсандии амиқ аст.

Ишон қориёнро ба иллати расонадни паёми Худованд ба дилҳои мардум дорои рисолат ва мақоми барҷаста ва ифтихоромез донистанду афзуданд: Истимоъ ва шунидани Қуръон кори воҷиб ва лозимаи имон ба Парвардигор ва заминаисози ҷалби раҳмати Илоҳӣ аст, ки имкони тадабур дар оятҳои Илоҳиро ҳам фароҳам мекунад бино бар ин бояд дар кори тиловат ва истимоъи Қуръон ҷидият дошт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Боят мутахассисони ва фаъолони қуръонӣ роҳоӣ пайдо кунанд то мазомини олии оятҳо низ ба гуши дили шунавандагони тиловат бирасад.

Раҳбари инқилоб Қуръонро китоби ҳикмати ва дарс ва зиндагӣ хонданд ва хотирнишон карданд: Қуръони Маҷид дар ҳамаи арсаҳои фарди, хонаводагӣ, иҷтимоъӣ, ҳукумати ва ҳатто равобити байналмилалӣ мамлу аз тадбир ва ҳикмат аст, ки бояд бар омухтан ва бакоргирии ин дурус эҳтимоми ҷидди дошт, ки хушбахтона имруз ҳамаи зерсохтҳои олзим барои ин кор фароҳам аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин қориёнро ба тиловати  асаргузор тавсия карданду гуфтанд: Ҳадаф аз баъзи тиловатҳо овозхони аст ва ҳамчуноне, ки дар тиловати бархе қориёни беруни мушоҳида мешавад бештар ба дунболи ба рух кашидани лаҳнҳо ва шеваҳои тиловат бар шунавандагони худ аз тариқи мусиқии зебо ва фаъол ҳастанд, ки ин тиловат тиловати матлуб нест.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ истифодаи баҷо ва ғайри ифроти аз барзе шигирдҳои тиловати Қуръонро барои асаргузори бар мустаъмин муносиб донистанд ва бо таъкид бар ин ки тиловати Қуръон ҳунари бузург ва таркиби аст хитоб ба қориён гуфтанд: Таваҷҷуҳ  дошта бошед, ки бо ҳар лаҳни тиловат мекунед ин корро ба қасди асаргузори бар шунавандагон анҷом диҳед.