Дидории вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Арабистон дар Пекин дидор карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз панҷшанбе бо Файсал бин Фарҳон ҳамтои Арабистонии худ дар Пекин дидор кард.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон барои дидор ва гуфтугӯ бо Файсал бин Фарҳон вазири умури хориҷаи Арабистони Саъудӣ дар бораи аз саргирии равобити дипламатик миёни Теҳрон-Риёз. чаҳоршанбе шаб дар садри ҳайате вориди Пекин шуд.
Вазири умри хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Арабистон қарор аст бо таъкид бар аз саргирии расмии равобити дуҷониба, гомҳои иҷрои дар масири бозгушоии сафоратхонаҳо ва сарконсулгариҳои дукишварро мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор диҳанд.