Апрел 08, 2023 11:19 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Эрону Қазоқистон дар талошанд роҳҳои иртиботии байни ду кишварро барои осонсозии рафту омади тоҷирону мардум густариш диҳанд
    Мақомоти Эрону Қазоқистон дар талошанд роҳҳои иртиботии байни ду кишварро барои осонсозии рафту омади тоҷирону мардум густариш диҳанд

Сафири Қазоқистон дар Эрон гуфт : Дар паи тасмими давлати Остона барои лағви раводиди 14 рӯза ҷиҳати сафари эрониён ба Қазоқистон, Теҳрон низ чунин имконеро барои шаҳрвандони Қазоқистон барои сафар ба Эрон фароҳам кардааст .

Асхат Оразбой-сафири Қазоқистон дар Эрон дар гуфтугу бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА) гуфт : Дар паи сафари раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ба Теҳрон дар июни гузашта ва эъломи лағви раводиди 14 рӯза барои сафари шаҳрванди Эрон ба Қазоқистон ин мавзӯъ як моҳ баъд аз анҷоми сафари мазкур амалиётӣ ва иҷроӣ шуд.

Оразбой афзуд : Давлати Эрон низ дар иқдоми мутақобил эълом кард, ки шаҳрвандони Қазоқистон бо раводиди оддӣ метавонанд барои сафари 14 рӯза бидуни дарёфти виза ба Эрон сафар кунанд .

Сафири Қазоқистон дар Эрон ҳамчунин бо ишора ба барқарории хутути парвозии мустақими байни ду кишвар гуфт : Мақомоти Эрону Қазоқистон дар талошанд роҳҳои иртиботии байни ду кишварро барои осонсозии рафту омади тоҷирону мардум густариш диҳанд.
Пас аз истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 Ҷумҳурии исломии Эрон ҷузъи аввалин кишварҳое буд, ки бо ба расмият шинохтани он сафорати худро дар пойтахти ин кишвар ифтитоҳ кард ва дар 30 соли гузашта равобити Эрону Қазоқистон, ки реша дар муштаракоти торихӣ,динӣ ва фарҳангии ду миллат дорад, бо оҳанги мутаъодил рӯ ба рушд будааст.

Бештар бихонед :

 

Барчасп