Даъвати органҳову созмонҳо аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс
(last modified Mon, 10 Apr 2023 12:35:22 GMT )
Апрел 10, 2023 17:35 Asia/Dushanbe
  • Даъвати органҳову созмонҳо аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ҳамзамон бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ва рӯзи ҷаҳонии Қудс, созмонҳо, органҳо ва ниҳодҳои мухталиф аз мардум барои ҳузури бошукӯҳтар дар ин роҳпаймоӣ даъват карданд .

Ҷумъаи 25 фарвардин ( 23 моҳи Рамазон/ 13 апрели 2023 )-рӯзи ҷаҳонии Қудс аст. Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ ( раҳ )- бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, неруи интизомии Ҷумҳурии исломии Эронозмони басиҷи ҷомеъаи занон, Маҷмаъи ҷаҳонии сулҳи исломӣ, Ҷамъияти дифо аз миллати Фаластин ва Созмони басиҷи идорот, ақшору мутахассисон бо судӯри баёнияҳои ҷудогона аз мардум барои ширкат дар роҳпаймои рӯзи ҷаҳонии Қудс даъват карданд.

Дар баёнияи неруии интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон бо гиромидошти рӯзи ҷаҳонии Қудс омадааст, номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба номи рӯзи Қудс нишонаи тадбиру дурандешии ҳакимонаи Имом Хумайнӣ ( раҳ.) барои ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин буда, то барои ҳамеша масъалаи Фаластин то озодии Қудси шариф дар ёду хотираи мусулмонони олам зинда бимонад.

Дар баёнияи Созмони басиҷи ҷомеъаи занони Эрон низ зимни даъвати мардум ба ҳузур дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс омадааст: Мусулмонони ҳӯшёр хуб медонанд, ки режими ғосиби саҳюнистӣ бо асли диёнату аҳдофи илоҳӣ дар ситез аст ва истеъмори Англия саҳнагардони аслии он дар оғоз буда, ки инак ҷои худро ба давлатмардони Кохи сафед супурдааст ва танҳо роҳи муқобила бо ҷиноёти рӯзафзӯни саҳюнистҳо, хушкондани решаи ин режими муттакӣ ба афсонаи Холокост  ва ҳазфи он аз саҳнаи гетӣ аст.

Маҷмаъи ҷаҳонии сулҳи исломӣ низ дар баёнияе эълом кард : Эҷоди ҷаҳони  устувор бар сулҳ, дӯстӣ, адолат ва ҳифзи каромати инсонӣ орзӯи ҳамаи инсонҳо, миллатҳо, фарҳангҳо ва адён аст, аммо бархе таҳаввулоту вақойеъи мавҷуд дар арсаи равобити байналмилалӣ ба хубӣ нишонгари он аст, ки дар " садаи ахир " ончӣ беш аз ҳама мавриди таҳдиду нақз қарор дошта,сулҳ, адолат ва каромати инсонҳо будааст . Равобити умумии Созмони басиҷи идорот, ақшору мутахассисон ҳам дар баёнияе овардааст: Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ҳимоят аз миллати мазлӯми Фаластин ва эъломи бароъат аз ҷабҳаи истикбору саҳюнизми ҷаҳонӣ аст. Басиҷи қувваи қазоия низ дар иттилоъияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс эълом кард, мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон, имсол рӯзи ҷаҳонии Қудсро дар шароите гиромӣ медоранд, ки илова бар саффокиҳову ҷиноёти режими саҳюнистӣ қатли ом ва кудаккушии қабилаи оли Сауд дар Яман идома дорад.