Апрел 12, 2023 17:09 Asia/Dushanbe
  • Суҳбати Раисӣ дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудс
    Суҳбати Раисӣ дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, миллати бузурги Эрон Рӯзи ҷаҳонии Қудс як бори дигар бо ҳузури пуршӯри худ эълом хоҳанд кард, ки то озодии комили Қудс пои аҳдофи Ислом хоҳем монд.

Ҷумъа, 25 фарвардин, мусодиф бо 23 моҳи мубораки Рамазон Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар маросими эҳёи шаби бистуякуми моҳи мубораки Рамазон ва дар шаби шаҳодати мавлои муттақиён - ҳазрати амиралмуъминин Алӣ (а), дар ҷамъи зоирони Ҳарами имом Хумайнӣ (раҳ), бо баёни ин ки имом Хумайнӣ (раҳ) масъалаи Қудсу Фаластинро муҳимтарин масъалаи ҷаҳони Ислом эълом ва охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва Рӯзи ҳимоят аз мазлумини Фаластин номгузорӣ карданд, таъкид кард: Қатъан миллати бузурги Эрон рӯзи бистусеюми моҳи мубораки Рамазон, ки мусодиф бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст, як бори дигар бо ҳузури пуршӯри худ эълом хоҳанд кард, ки то озодии комили Қудс пои аҳдофи Ислом хоҳем монд.

Раисӣ гуфт, имрӯз ки низоми султа дар дунё ба дунболи густариши Эронҳаросӣ, Исломҳаросӣ ва шиаҳаросӣ аст, ҳамагон иборат аз масъулин, туллоб, фузало, уламо, хутабо, асотиди донишгоҳҳову соҳибони трибун вазифа дорем бо ҳамсуҳбатӣ бо ҷавонон ва бо ҷиҳоди табйин, гиреҳҳои зеҳнии онҳоро боз кунем.

 

Барчасп