Даъвати мароҷеъи тақлид аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии рӯзи Қудс
(last modified Thu, 13 Apr 2023 13:01:39 GMT )
Апрел 13, 2023 18:01 Asia/Dushanbe
  • Даъвати мароҷеъи тақлид аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии рӯзи Қудс

Мароҷеъи изоми тақлид ҳазароти оёт Макорими Шерозӣ,Нурии Ҳамадонӣ, Субҳонӣ ва Ҷаводии Омулӣ мардуми ҳамеша дар саҳнаи Эрони исломиро ба ҳузури пуршӯру густарда дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс даъват карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ишора ба масъӯлияти ҷаҳони Ислом дар баробари масаълаи Фаластин гуфт : Якояки мусулмонони ҷаҳон бо посдошти рӯзи Қудс ва ширкат дар роҳпаймоӣ дар ин ҳаракати азим саҳим бошанд .
Оятуллоҳ Субҳонӣ дар паёме бо даъват аз мардум барои ширкат дар роҳпаймоии рӯзи Қудс таъкид кард : Мусулмонони ҷаҳон ҳамагон ба кумаки мазлӯмони фаластинӣ ва нобудии низоми ғосиби саҳюнистӣ бархезанд .Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ низ роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудсро ёдгори гаронсанги меъмори кабири инқилоб, ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) донист ва бо баёни инки имсол рӯзи Қудс ҳассостар аз ҳар сол аст, аз ҳамаи мусулмонони ҷаҳон хостанд бо шукуҳу ваҳдати бештар дар роҳпаймоии ин рӯзи бузурги ҷаҳони Ислом ширкат кунанд .
Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ низ дар паёме ба муносиби рӯзи Қудс таъкид кард : Ҳузури ҳамагон дар ин иҷтимои бузург боиси тақвияти мазлӯм ва тазъифи золим аст .