Апрел 14, 2023 17:59 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ : Режими саҳюнистӣ дар ҳоли фурӯпошӣ аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Режими саҳюнистӣ дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва нишонаи боризи он низ буҳронҳои дохилии ин режим аст.

Сарлашкар  Ҳусайни Саломӣ имрӯз ҷумъа дар маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар майдони Нақши ҷаҳони Исфаҳон ( маркази Эрон ) бо ишора ба заъфи режими саҳюнистӣ дар рӯёрӯӣ бо муқовимати Фаластин гуфт : Режими саҳюнистӣ дар ҳоли завол аст ва ин режим маҷбур шуда саҳюнистҳоро аз тарси қиёми мардуми Фаластин аз масҷиди Алақсо дур кунанд .
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тасреҳ кард : Тасаллути режими саҳюнистӣ бар мудирияти ҷомеъа аз ҳам гусаста аст ва ҳоло пас аз талоши мунҷар ба шикасти онҳо барои зарба задан ба амнияти Эрон, бо буҳрони дохилии мувоҷеҳ ва инзивои байналмилалии онон ҳувайдо аст .
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таъкид кард : Таҳриму фишорҳои сиёсии душманон натавонист миллати Эронро дар инзивои сиёсӣ қарор диҳад, балки бо ҳидоятҳои  Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҳимоятҳову вафодориҳои мардуми Эрон  ҳамаи нақшаҳову тавтеъаҳои душманон нақши бар об шуд .
Сарлашкар Саломӣ бо баёни инки Амрико аз сиёсатҳои минтақаӣ ихроҷ шуда ва ҷое барои қудратнамоӣ ва арзи андому сайтараи сиёсӣ надорад, гуфт : Ҳатто муттаҳидони дирузи Амрико, ки дунболаравҳои сиёсиаш буданд, имрӯз аз ӯ фосила гирифтаанд .
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Имрӯз Амрико на ин ки нахоҳад, балки наметавонад аз саҳюнистҳо ҳимоят кунад ва шикасти ин режим ба қадре ошкор аст, ки аз ҳам гусастаанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп