Муовини фарҳангии Конуни парвариши фикрии кӯдакону навҷавонони Эрон : Бояд дар ҳавзаи қиссагӯӣ бо Тоҷикистон бештар таъомул шавад
(last modified 2023-04-15T08:33:37+00:00 )
Апрел 15, 2023 13:33 Asia/Dushanbe
  • Муовини фарҳангии Конуни парвариши фикрии кӯдакону навҷавонони Эрон : Бояд дар ҳавзаи қиссагӯӣ бо Тоҷикистон бештар таъомул шавад

Муовини фарҳангии Конуни парвариши фикрии кӯдакону навҷавонони Эрон гуфт : Яке аз кишварҳое, ки бояд дар ҳавзаи қиссагӯӣ бо онҳо вориди ҳамкорӣ шавем Тоҷикистон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фарҳоди Фаллоҳ, муовини фарҳангии Конуни парвариши фикрии кӯдакону навҷавонон дар нишасти коргурӯҳи барномарезии « бисту панҷумин Ҷашнвораи байналмилалии қиссагӯӣ » бо меҳварияти эдеяпардозӣ барои иртиқои сатҳи ин рӯйдоди фарҳангӣ бо ишора ба барномаҳое, ки муовинати фарҳангӣ дар заминаҳои байналмилалӣ дар дастури кор қарор дода аст гуфт : Дар ҳавзаи байналмилалӣ барномаҳое дорем. ки қиссагӯӣ метавонад дар он гунҷонда шавад .
Вай афзуд : Ҳамон тавр, ки Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ фармуданд Тоҷикистон панҷарае ба Шарқ аст .
Фаллоҳ дар идома гуфт : Бо таваҷҷуҳ ба иштирокҳои забонӣ ва мазҳабӣ, ки бо кишвари Тоҷикистон дорем дар идома бо онҳо ҳамкориҳои фарҳангии бештаре хоҳем дошт .
 

 

Барчасп