Таъкиди ҳайати ҳокимаи Афғонистон бар ҳаққобаи Эрон
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон бо ташреҳи иқдомоти Теҳрон барои таъмини ҳаққобаи Эрон изҳор кард, дар якуним соли гузашта ва ба дастури акиди Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон, дар гуфтугӯи сареҳи худ бо сарпарастии Вазорати хориҷаи ҳайати ҳокимаи мувақати Афғонистон, ҳамчунин дар пайгирии мустамири Ҳасан Козими Қумӣ намоянадаи вижаи Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар умури Афғонистон ва Алиакбари Меҳробиён вазири нерӯи Эрон, мавзӯъи ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд ба таври ҷиддӣ дунбол шуд.
Ба гузориши Ирно, Амир Абдуллоҳиён бо баёни ин, ки ба талошҳои ҷамъии худ то ҳосили натиҷаи матлуб идома медиҳад афзӯд: Ҳайати ҳокимаи мувақати Афғонистон низ бар хилофи мақомоти қаблии ин кишвар, бар ҳаққобаи Эрон эътироф ва таъкид дорад.
Бар асоси муъоҳидаи Ҳирманд дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирмнад муъодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳо ва фаслҳои мухталиф тафовут мекунад.
Давлати қаблии Афғонистон, ки иддаои таъмини ҳаққобаи Эронро дошт бо эҳдоси садди " Камолхон" дар устони Нимрӯз бар рӯи рӯдхонаи Ҳирманд, амалан монеъ аз иҷрои ин паймон шуд, ки хисоратҳои фаровонеро ба зиндагии инсонӣ. ҷонварӣ ва гиёҳии ҳавзаи пиромӯни рӯдхонаи Ҳирманд дар хоки Эрон ба хусус дар устони Систону Балучистон ворид кард.