Имрӯз ; солрӯзи шикасти ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон дар саҳрои Табас
Имрӯз ( се шанбе ), бисту панҷуми апрели 2023 ( панҷуми урдубиҳишт )-солрӯзи шикасти ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон дар саҳрои Табас, шарқи Эрон аст.
Дар 25 апрели 1980 Амрико бо теъдоде чархбол ва ҳавопаймо хоки Эронро мавриди ҳамлаи низомӣ қарор дод
Давлати Амрико, ки аз тарфандҳои мухталифи худ дар чорчуби шикасти низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ба натиҷаҳо нарасида буд, ба қасди раҳоии ҷосӯсонаш, ки дар тасхири лонаи ҷосӯсии Амрико дар 4 ноябри 1979 дастгир шуда буданд, ба Эрон ҳамла кард .
Ҳамлаи низомӣ ба Табас бо вуҷуди барномарезии дақиқ, таҷҳизоти пешрафта ва тамринҳои зиёде ки амрикоиҳо дар маконҳои мушобеҳ анҷом дода буданд, ба иллати вуқуъи тӯфони рег дар биёбонҳои кавирии атрофи шаҳри Табас шикаст хурд ва теъдоде аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои амрикоӣ оташ гирифт ва чанд неруии низомии Амрико кушта шуданду боқии онон бо нокомӣ ва расвоӣ аз хоки Эрон гурехтанд .Қарор буд амрикоиҳо пас аз фурӯд дар Табас бо чархбол ба сӯи Теҳрон парвоз кунанд, то афродеро ки таҳти унвони дипломат дар сафоратхонахои Амрико ба ҷои маъмурияти диплумотик машғули ҷосӯсӣ ва тарроҳии амалиёти барандозии низоми навпои Ҷумҳурии исломӣ Эрон буданд аз ин маҳал хориҷ кунанд .
Аснодӣ ки аз он воқеа барҷой монда буд нишон медод ин иқдом бо иҷрои нақшаи дақиқ бо истифода аз шароити иқлимии Эрон дар саҳрои Табас аз тариқи шиносоии фурӯдгоҳи матрука дар шарқи Эрон ва бо муҳосиботии дақиқ тарроҳӣ шуда буд .
Моҷарои Табас ба унвони санади дигаре аз аҳдофи таҷовузкоронаи Амрико алайҳи миллати Эрон дар таърихи рӯйдодҳои пас аз Инқилоби исломӣ сабт шуд .
Бештар бихонед :