Май 01, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷонишини фармондеҳи интизомии кулли Эрон: Иқдоми террори раиси полиси огоҳии Саровон бе посӯх нахоҳад монд
    Ҷонишини фармондеҳи интизомии кулли Эрон: Иқдоми террори раиси полиси огоҳии Саровон бе посӯх нахоҳад монд

Ҷониши фармондеҳи нерӯи интизомии кулли Эрон гуфт: Иқдоми буздилона ва кури афроде, ки ноҷавонмардона шаҳид Шаҳракӣ ва ҳасарашро ба шаҳодат расонданд бе посӯх нахоҳад монд.

Сарҳанг Алиризо Шаҳракӣ, раиси полиси огоҳии Саровон, устони Систон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон субҳи рӯзи гузашта бар асари тирандозии афроди ношинос ба шаҳодат расид. Дар ин тирандозӣ ҳамсари сарҳанг Шаҳракӣ низ ба шаҳодат расид.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва Симо, Сардор сартип Қосим Ризоӣ ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии кулли Эрон рӯзи якшанбе дар маросими ташеъи ҷанозаи пайкари поку муттаҳари сарҳанг шаҳид Алиризо Шаҳракӣ ва ҳамсараш дар шаҳристони Сарвон, устони Систону Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, афзӯд: Қатъан ҷинояте, ки рӯх додааст бе посӯх нахоҳад монд ва ба зудӣ бо ҳамкории дастгоҳои амниятӣ ва қазоӣ ҷинояткорон ба сазои амали худ хоҳанд расид.

 

Барчасп