Июн 13, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Суъуди ҷойгоҳи поротеквандокорони Эрон дар ранкинки ҷаҳонӣ
    Суъуди ҷойгоҳи поротеквандокорони Эрон дар ранкинки ҷаҳонӣ

Ҷойгоҳи поротеквандокорони Эрон дар 2 гурӯҳи бонувон ва мардон дар ранкинки ҷаҳонӣ дар моҳи июни 2024 бо эҳтисоби имтиёзоти рақобатҳо байналмиллалӣ суъуд кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , дар ҷадидтарин радабандии эълом шудаи Федератсияи ҷаҳонии теквандо, «Ҳомиди Ҳақшинос » намояндаи поротеквандои сангин вазни Эрон , дар вазни 80 +икилограм бо 440 имтиёз ва як пилаи суъӯд  ҷойгоҳи нахусти ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст ва ҷои намояндаи Хорватияро дар ҷадвали радабандӣ гирифт .

Дар ҳамин ҳол , « Меҳди Пурраҳнамо » дар вазни 70 - килограм бо касби 340 . 71 имтиёз бо ду пилаи суъӯд дар радаи сеюми ҷадвал қарор гирифт ва « Амирмуҳаммад  Ҳақиқатшинос » дигари намояндаи ин вазн бо 77 . 78 имтиёз ва 3 пилаи суъӯд дар радаи чаҳордаҳум истод.

Дар гурӯҳи бонувон низ , « Лайло Мирзоӣ » намояндаи пароулампики Эрон бо 18 имтиёз ва 4 пилаи суъӯд дар ҷойгоҳи 24 қарор гирифт .

Дар вазни 65 + килограм низ « Марзияи Насруллоҳӣ » низ бо касби 34 . 40 имтиёз ва 4 пилаи суъӯд дар ҷойгоҳи сездаҳум ҷой гирифт .

Барчасп