Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Шикасти Амрико дар иттиҳоди кишварҳо зидди Эрони исломӣ нусрати илоҳӣ аст
(last modified 2023-05-05T13:44:56+00:00 )
Май 05, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ
    Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон шикасти Амрико дар иттиҳоди кишварҳо зидди Эрони исломиро нусрати илоҳӣ унвон карду гуфт: Пайравӣ аз валии амри муслимину ҳуҷҷати шаръӣ, мисдоқи ёрии Худованд аст.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Сурия афзуд, ин сафар таъйиди дигаре бар ҷабҳаи устувори муқовимат аст, ба вижа ин ки Сурия дар хати муқаддами муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ қарор дорад.

Оятуллоҳ Хотамӣ гуфт, истиқболи фавқуллодаи мардуми Сурия аз раиси Ҷумҳурии Эрони исломӣ дар ҳақиқат такриму таҷлили миллати Эрон ва нишондиҳандаи пайванди амиқ байни ду миллат ва ташаккури онҳо аз ҳимоятҳои миллати Эрон дар давраи ғурбату мазлумияти онон аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Таъмиқи равобити Эрону Сурия дар тамоми абъод нишон дод, ки тавсияи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба идомаи муқовимат дар баробари режими ишғолгари саҳюнистӣ ба бор нишастааст, чаро ки ҳама дар хориҷ дар муқобили Сурия буданд ва танҳо кишваре ки муқовим дар канори Сурия истод, Эрони исломӣ буд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба даъвати расмии Башшор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, чаҳоршанбе ва панҷшанбе (4 ва 5 май) дар садри ҳайате олирутба ба ин кишвар сафар ва дар бораи роҳҳои густаришу тақвияти равобити дуҷониба, охирин таҳаввулоти минтақа ва байналмилалӣ бо мақомоти сурӣ табодули назар кард.

 

Барчасп