Қаҳрамонии шатранҷбози тоҷикистонӣ дар мусобиқоти Озарбойҷони Эрон
Устоди бузурги тоҷикистонӣ қаҳрамони панҷумин давраи мусобиқоти байналмилалии шатранҷи "Ҷоми сардорони Озарбойҷон", дар Эрон шуд.
Ба гузориши ИРНА, дар ин мусобиқот, ки бо ҳузури 300 шатранҷбозони эронӣ ва хориҷӣ аз 14 кишвари ҷаҳон дар 9 давр ба равиши швейтсариявӣ аз 22 то 28 июл дар шаҳри Урумия дар шимолу ғарби Эрон баргузор шуд, дар ҷадвали аслӣ ва аз миёни устодони ширкаткунанда, Фаррух Амонатов устоди бузурги тоҷикистонӣ бо касби ҳафт имтиёз дар садр истод.
Эҳсони Қоимақомӣ-устоди бузурги Эрон ҷои дуюм шуд ва Андрей Сумес аз Украин бо 6.5 имтиёз дар радаи сеюм ҷой гирифт. Дар ҷадвали аслии ин мусобиқот, 64 шатранҷбоз, дар ҷадвали "б" 148 варзишкор, дар радаи синнии зери 14 соли духтарон ва писарон, 50 варзишкор ва дар рақобатҳои Ҷоми Морол низ 40 бонӯи шатранҷбоз бо ҳам рақобат карданд. Имсол наздик ба 400 шатранҷбоз, ҳамроҳ аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Амрико, Украина, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Ироқ, Туркия, Фаронса, Дания, Чехия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рақобатҳо ҳузур доштанд.