Май 09, 2023 09:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори фармондеҳи неруи заминии артиши Эрон ва фармондеҳи артиши Уммон

Каюмарси Ҳайдарӣ-фармондеҳи неруи заминии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе бо сарлашкар Матар бин Солим Албалушӣ- фармондеҳи артиши Уммон дидору гуфтугу кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ду тараф дар ин дидор дар бораи мавзӯъоти мухталиф табодули назар карда ва мавзӯъоти низомии мавриди иҳтимоми ду кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд .
Ин дидор бо ҳузури шуморе аз афсарони баландпояи артиши Уммон сурат гирифт .
Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ-раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе дар раъси ҳайати баландпояи низомӣ ва ба даъвати расмии ҳамтои уммонии худ вориди Масқат шуд ва мавриди истиқболи расмии Абдуллоҳ бин Хамис Алраисӣ-раиси Ситоди неруҳои мусаллаҳи салтанати Уммон, Алии Наҷафӣ- сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷамъе аз мақомоти низомии ин кишвар қарор гирифт .
Каюмарси Ҳайдарӣ дар ин сафар сарлашкар  Муҳаммади Боқириро ҳамроҳӣ мекунад .

 

Барчасп