Ҳузури 50 нафар аз аҳолии фарҳанг ва ношир аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Теҳрон
(last modified 2023-05-09T12:13:38+00:00 )
Май 09, 2023 17:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 50 нафар аз аҳолии фарҳанг ва ношир аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Теҳрон
    Ҳузури 50 нафар аз аҳолии фарҳанг ва ношир аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Теҳрон

50 нафар аз аҳолии фарҳанг ва ношир аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби Эрон ширкат карданд.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор дошт: Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар сивучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақи Собирӣ гуфт: Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои китоб дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва ин намоишгоҳ фурсати оли дар ихтиёри алоқамандон ба китоб аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон қарор мегирад то бо китобҳои ҷадид ва интишороти мутанавеъ дар бахшҳои гуногун ошно шаванд.

Вай гуфт: Дар сафари вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ба Тоҷикистон, ки дар обони соли гузашта ва ба манзури ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом шуд ба ишон пешниҳод додем то дар ростои тақвияти иштирокоти фарҳангӣ ва ба манзури ошноӣ ҳар чи бештари фарҳангиёни тоҷик бо осор ва интишороти ҷадид дар бахши китоб аз Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижаи сивучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон даъват бишавад, ки ин пешниҳодро пазируфтанд.

Ба гуфтаи сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар аз аҳолии фарҳанг ва адаб ва чандин ношир аз кишвари дуст ва баробари Тоҷикистон дар намоишгоҳи китоби имсол ҳузур доранд.

Собирӣ ҳамчунин афзуд: Ҳузури Тоҷикистон ба унвони меҳмони ваижа дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ба воситаи таърих, фарҳанг ва тамадуни муштарак ва муровидоти фарҳангии байни ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон аз аҳамияти зиёди бархурдор аст.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: Хушбахтона дар ду се соли ахир барномаҳо ва иқдомоти хуби дар ҷиҳати рушди ҳамкориҳои фарҳангии байни Эрон ва Тоҷикистон иҷро шуда аст ва ҳузури Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар сивучаҳорумин намоишгоҳи байналмилалии китоб дар расонаҳо ва маҳфилҳои фаҳрангии ҳарду кишвар бо истиқболи хуби ру ба ру шуда аст ва умедворем, ки ин ҳузур сароғози дигари ва марҳалаи навини барои густариш ва таъмиқи ҳар чи бештари равобити фарҳангӣ байни ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон бошад.

Барчасп