Иравонӣ: Изҳороти мушовири амнияти миллии Амрико ҷангталабона ва ноқизи Маншури милали муттаҳид аст
(last modified 2023-05-10T07:16:47+00:00 )
Май 10, 2023 12:16 Asia/Dushanbe
  • Иравонӣ: Изҳороти мушовири амнияти миллии Амрико ҷангталабона ва ноқизи Маншури милали муттаҳид аст

Ҷумҳурии исломии Эрон дар номае ба Созмони милал, изҳороти Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрикоро ғайримасъулона, таҳрикомез, ҷангталабона ва ноқизи қавонини байналмилалӣ ва Маншури милали муттаҳид эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Саиди Иравонӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони милал дар номае ба Шӯрои амният ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди изҳороти таҳдидомези Ҷейк Салливан навишт: Вай дар изҳороти ахири худ дар муассисаи Вашингтон дар таърихи 4 майи 2023 , талвеҳан Ҷумҳурии исломии Эронро ба истифода аз зӯр алайҳи таъсисоти сулҳомези ҳастаии он аз тариқи ҳимояти Амрико аз ба истилоҳ ба расмият шинохтани озодии амали режими Исроил таҳдид кардааст.

Дар номаи сафири Эрон омадааст: Бидуни шак, ин изҳороти ғайримсаъулона, таҳрикомезу ҷангталабона, қавонини байналмилалӣ ва Маншури милали муттаҳид, бавижа банди 4 модаи 2-ро нақз мекунад.

Вай таъкид кард, илова бар ин, чунин изҳороте на танҳо дилолат бар ҳамдастии Иёлоти муттаҳида дар ҳар гӯна иқдомоти террористӣ ё таҷовузкоронаи режими Исроил алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, балкӣ пазириши масъулият аз сӯи Амрико ба далели нақши он дар кумак, тасҳилу ҳимоят аз амалиёти террористӣ ва харобкоронаи Исроил алайҳи мақомот, донишмандон, мардум ва таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон мебошад.

Иравонӣ бо баёни инки ин иддао, ки Амрико иҷоза нахоҳад дод, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад, таҳрифи воқеияту талоши мазбуҳонаи дигаре аз сӯи Амрико барои пешбурди манофеи сиёсии ин кишвар аст, афзуд: Амрико бояд аз таблиғи иддаоҳои нодурусту иттилооти дурӯғ дар мавриди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон мутаваққиф кунад.

 

Барчасп