Сарлашкар Cаломӣ: Иттифоқоти бузурге дар роҳ аст
(last modified Wed, 10 May 2023 11:33:46 GMT )
Май 10, 2023 16:33 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон
    Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар вокуниш ба таҳаввулоти ахири минтақаи Ғарби Осиё гуфт, иттифоқоти бузурге дар роҳ асту ҳақ дубора дар минтақа тулуъ хоҳад кард.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, саҳюнистҳое ки чанд моҳ қабл ба раҷазхонӣ афтода буданд, акнун хира мондаанд, зеро ҳар рӯз фаластиниён беш аз 30 амалиёт дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом медиҳанд.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин ки Ғарб ба тозагӣ дарк карда, ки системаҳо боиси пирӯзӣ дар ҷангҳо намешаванд, афзуд, ба ҳамин далел аст, ки Ғарб фаротар аз таҳоҷуми фарҳангиву ҳасри иқтисодӣ ба дунболи террор, харобкорӣ, густариши ноамнӣ ва ҷанги таркибӣ ҳаст то чакидаи ҳар он чӣ таърих аз шарорат суроғ дошта, бар сари миллати Эрон хароб кунанд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон таъкид кард, ҳеҷ низоме наметавонист ҳатто дар баробари яке аз ин тавтеаҳо давом биоварад, аммо Ҷумҳурии исломии Эрон то кунун дар баробари ҳамаи ин барномарезиҳо истодагӣ кардаву парчами худро дар эҳтизоз нигоҳ доштааст.

Сарлашкар Саломӣ бо таъкид бар ин ки таҷрибаи миллати Эрон аз муқовимат ҳамвора ширин будааст, гуфт, ҳамаи онҳое ки бадхоҳи миллати Эрон ҳастанд, аз кишварҳои низоми султа гирифта то меҳвари иртиҷои арабӣ ва ҳатто оппозитсиюни хориҷӣ, умедвор буданд, ки иғтишошоти моҳҳои гузашта Эрони исломиро дучори фурӯпошӣ кунад, аммо ҳақиқат он аст, ки имрӯз онҳо худашон гирифтори фурӯпошиву тазалзул шудаанду низоми исломӣ ҳамчунон муқтадирона дар майдон аст.