Май 11, 2023 11:23 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиш: Нерӯи падофанди ҳавоии артиш дар дунё ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорад
    Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиш: Нерӯи падофанди ҳавоии артиш дар дунё ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорад

Фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиши Ҷуҳӯрии Исломии Эрон, таъкид кард: Нерӯи падофанди ҳавоии артиш дар дунё ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорад.

Сартип Алиризо Сабоҳифар, фармондеҳи падофанди  ҳавоии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, бо баёни ин, ки нерӯи падофанди ҳавоии артиш дар дунё ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорад, гуфт: Душманон ба хубӣ медонанд, ки ҳамаи таҷҳизоти ин нерӯ дороӣ фанноварии ба рӯз буда ва комилан бумӣ аст.

Амир сартип Сабоҳифар афзӯд: Нерӯӣ падофанди ҳавоии  артиш дар солҳои ахир ба сатҳи болое аз омодагӣ ва тавони размӣ даст ёфтааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиш дар ҳамоиши амали  баёнияи гоми дувуми Инқилоби Исломӣ, ки дирӯз ( чаҳоршанбе) дар ситоди ин нерӯ баргузор шуд, гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба фармоишот ва фармонҳои фармондеи муаззами кулли қуво, нерӯи падофанди ҳавоии артиш ҳамчунин ҳамеша  пештози таҳқиқи маънавиёти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аст.

Амир сартип Сабоҳифар, афзӯд: Баробари тадбири фармондеҳи муаззами кулли қуво, падофанди ҳавоӣ авлавияти аввали нерӯҳои мусаллаҳ аст ва иқдомоти мухталифе дар он анҷом мешавад, ки дар садри он иртиқои тавони размӣ аст.  

Барчасп