Апрел 25, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли артиши Эрон: Ҳар таҳдиде зидди Эрон посухи шадид дар пай дорад

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, амалиёти танбеҳии”Ваъдаи содиқ” нишон дод ҳар хатари зидди Эрон посухи шадиде дар пай дорад ва ҳеҷ кишваре таъсиргузорӣ рӯйи тасмимҳои Эронро надорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, амир, сарлашкар Сайид Абдурраҳим Мусавӣ рӯзи панҷшанбе дар иҷлосияи 208 шаҳиди артиши Эрон дар Куҳгилуия ва Буираҳмад (ҷанубу ғарби Эрон) бо баёни инки режими ғосиби саҳюнистӣ, ки як шаҳри бедифоъ (Ғазза)ро мавриди ҳамла қарор медиҳад ва ҳазорон зан ва кӯдакро ба бадтарин шакл бомбаборон мекунад, ҳеҷ арзиши амалиёти низомӣ надорад, афзуд, мисдоқ(намуна)и боризи амалиёти низомӣ, посухи танбеҳӣ ва амалиёти Ваъдаи содиқи Ҷумҳурии исломӣ аст, ки як нуқтаи низомӣ дар фосилаи болои 1500 километрро нишона мегирад ва ба ҳадаф мезанад.

 Сарлашкар Мусавӣ бо баёни инки Исроил аз ҳама таҷҳизот ва тавони худ барои муқобила бо амалиёти танбеҳии Ваъдаи содиқ истифода кард, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон маъмурияти худро ба хубӣ анҷом дод ва инро ба дунё собит кард, ки ҳар таҳдиде зидди Эрони исломӣ бо посухи дақиқ ва кӯбанда ҳамроҳ аст.

 

Барчасп