Афзоиши ҳаҷми тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон
Май 03, 2024 20:58 Asia/Dushanbe
-
Дар Тоҷикистон беш аз 1. 7 миллион тон ғаллот бардошт шудааст.
Ожонси омори Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ҳаҷми тавлиди нохолиси кишоварзӣ дар ҳамаи дастаҳои мазореъ барои январ то марти 2024 ба беш аз 3 миллиарду 530 миллион сомонӣ расидааст. Ин нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли қабл 6. 7 дарсад афзоиш доштааст.
Пешбинӣ мешавад имсол дар Тоҷикистон беш аз 1. 7 миллион тон ғаллот, аз ҷумла 998 ҳазор тон гандум, 432 ҳазор тон панба, 1. 1 миллион тон себзаминӣ, 2. 7 миллион тон соири сабзиҷот, аз ҷумла 752 ҳазор тон пиёз ва 874 ҳазор тон харбуза бардошт шавад.
Барчасп