Май 04, 2024 14:17 Asia/Dushanbe
  • Тасалияти фаро расидани солрузи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи поки Паёмбари Акрам(с)

Имрӯз (шанбе) 4 майи 2024 мусодиф бо 25 шаволи 1445, солрузи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи поки Паёмбари Акрам(с) аст.

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар тӯли зиндагии мубораки худ, тавонистанд наҳзати илмӣ ва фарҳангии бузургеро шурӯъ кунанд ва пояҳои илми мактаби шиаро маҳкам кунанд.

 Дар рӯзгоре, ки афкори зиддиисломӣ ва вайронгар, хатари бузург дар масири Исломи ноб буд, Имом Ҷаъфари Содиқ (а) бо муҷоҳидатҳои илмии худ монеъ аз густариши афкори зиддиисломӣ шуданд.

 Ишон дар роҳи таъсиси мактаби ташайюъ, машаққатҳои фаровонеро мутаҳаммил шуданд, то наҳзати бузург бар асоси пояҳои ҳақиқати Ислом ва ақлонияти динӣ бунён бигузоранд.

 Гуфтугӯҳо ва мунозироти Имом Содиқ (а) бо қудрати мантиқ ва истидлоли эшон ва посухгӯӣ ба шубҳаҳои динӣ нақши бисёр муҳимме дар эҳёи мактаби ташайюъ доштааст.

 Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрузи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳама мусулмонон тасалият мегӯяд.

 

Барчасп