Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Ба рағми густариши фазои маҷозӣ, китоб ҳамчунон дар ҷойгоҳи волои худ қарор дорад
(last modified 2023-05-14T12:09:42+00:00 )
Май 14, 2023 17:09 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар поёни боздид аз Намоишгоҳи китоби Теҳрон таъкид карданд: Ба рағми густариши фазои маҷозӣ, китоб ҳамчунон дар ҷойгоҳи волои худ қарор дорад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар поёни боздид аз Намоишгоҳи китоби Теҳрон гуфтанд: Фарҳангсозии кишвар ниёзманди китоб аст ва ба рағми густариши фазои маҷозӣ, китоб ҳамчунон дар ҷойгоҳи волои худ қарор дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, имрӯз (якшанбе) пас аз се сол ва поён ёфтани маҳдӯдиятҳои коронаӣ бо ҳузур дар Мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ.) аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон боздид карданд1.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар поёни ин боздид дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва симои Эрон, гуфтанд: Намоишгоҳи китоб, ки ҳарсол баргузор мешавад, як ҳамоиши азими мардумӣ аст, ки ҷанбаи ғолиби он ҷанбаи фарҳанг аст ва ин амр мавзӯи бисёр хурсандкунанда ва шавқовар аст.

Эшон дар идома афзуданд: Кори нашри китоб бар хилофи бархе заминаҳои номусоид рӯ ба пешрафт аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Бо инки ин ҳамаи мушкилот аз назари иқтисодӣ ва амсоли он вуҷӯд дорад, аммо ановини китоб боло рафтааст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: Ҳамаи фаъолиятҳои ҳунарӣ, расонаӣ ва фарҳангӣ монанди театр, синамо ҳатто наққошӣ ва корҳои самъӣ ва басарӣ эҳтиёҷ ба китоб дорад, касе метавонад кори расонаӣ ва ҳунарии хубро тавлид кунад, ки бо китоб сару кор дошта бошад.

Эшон ҳамчунин гуфтанд: Дар бораи масъалаи китоби кӯдак ва навҷавон ҳам таъкид дорам ва хушбахтона дидам, ки дар чандин ғурфа дар ин масъала кор шудаасту боз ҳам таъкид мекунам, барои кӯдакону навҷавонон ҳарчиқадар метавонанд, китоб таҳия кунанд ва моро аз китобҳои бегона бе ниёз кунанд, ки битавонем китобҳо бо фарҳангу ҷиҳатгириҳо ва аҳдофи худамон дар ихтиёри навҷавононамон бигзорем.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, гуфтанд: Ба хусӯс китоби хотироти марбӯт ба дифои муқаддасу дифо аз ҳарам, ки чоп мешавад хеле боарзиш аст, ин як гӯнаи ҷадид аз китобсозӣ ва тавлиди китоб аст, ки биҳамдиллоҳ хуб роҳ афтодааст, нависандаҳои хонумҳо дар ин замина хеле фаъол ҳастанд ва навиштаҳои бисёр хубе доранд ва аз онҳо ҳам китоб зиёд мехонам.

Бештар бихонед:

 

Барчасп