Сардор Қоонӣ: Ба ҳимоят аз муқовимат идома медиҳем
(last modified Mon, 15 May 2023 03:59:27 GMT )
Май 15, 2023 08:59 Asia/Dushanbe
  • Сардор Қоонӣ: Ба ҳимоят аз муқовимат идома медиҳем
    Сардор Қоонӣ: Ба ҳимоят аз муқовимат идома медиҳем

Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, дар паёме ба гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ таъкид кард: Ҳимояти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз муқовимат идома хоҳад дошт.

Ба гузориши Садои Хуросон, "Сардор Қоонӣ", фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар паёме ба гурӯҳҳои муқовимати Фаластин эълом кард: Ҳамосаи ҷаддиде дар таърихӣ набард рақам задед ва муҷаддадан собит кардед. ки метавонед  душманро дар ҳам шиканед ва онро шикаст диҳед.

Дар идомаи ин паём омадааст: Бо ҳамкорӣ ва иттиҳоди худ, тавонистед пирӯзии дигаре ба пирӯзиҳои қаблии худ, изофа кунед  ин пирӯзиҳо. гомҳои собите ба самти пирӯзии ниҳоӣ аст.

Дар паёми фармонде нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бар тадоввуми ҳимояти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз гурӯҳҳои муқовимати Фаластин таъкид шуда ва омадааст: Эрон ҳам, ҳамчунин аз миллат ва муқовимати Фаластин, ҳимоят хоҳад кард ва ба тақвияти меҳвари муқовимат идома хоҳад дод то режими саҳюнистӣ аз сарзамини Фаластин, решакан шавад.