Раисӣ: Рӯзи некбат ёдовари яке аз дардноктарин фоҷеаҳои таърихи башарист
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба муносибати рӯзи некбат таъкид кард, “Рӯзи некбат”ёдовари яке аз дардноктарин фоҷеаҳои таърихи башарист.
75 соли пеш дар 15 майи 1948 гурӯҳакҳо ва созмонҳои ҷинояткори саҳюнист, ҷинояте ваҳшиёна алайҳи миллати Фаластин анҷом доданду сарзамини ононро ишғол карданд. Ҷинояте, ки ба рӯзи накбат маърӯф шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидиброҳими Раисӣ дар паёме ба муносибати рӯзи некбат тасреҳ кард, режими саҳюнист аз рӯзе, ки ба дурустӣ «рӯзи некбат» номгузорӣ шудааст, боиси оворагии миллионҳо фаластинӣ, террорҳои ҳадафманди фаъолону мардуми одии Фаластин, тахриби манозилу мазореъ ва амокини касбу кори онону нақси усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилал шудааст.
Раисӣ дар паёми худ овардааст, Ҷумҳурии исломии Эрон зимни маҳкӯмияти шадиди ҷиноёти режими опартеид саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластину миллатҳои минтақа ва таъкид бар зарурати таҳарруки боздорандаи ниҳодҳои масъӯли байналмилалӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва пуштибонӣ аз миллати Фаластин, бар ҳимояту пуштибонӣ аз ормону муқовимати машрӯъи мардуми Фаластин дар масири озодсозии сарзаминҳои ишғолӣ ва ташкили давлати мустақилу якпорчаи худ дар кулли сарзамини таърихии Фаластин ба пойтахтии Қудси шариф таъкид мекунад.
Дар идомаи ин паём омадааст, рафторҳои хашину ваҳшиёна дар қиболи усарои фаластинӣ, беэҳтиромӣ ба муқаддасоти мусулмонону масеҳиён ва салби озодии динии сокинони ин сарзамин, террорҳои ҳадафманди фаъолону мардуми одии Фаластин, тахриби манозилу мазореъ ва амокини касбу кори фаластиниҳо ва тавсеаи шаҳраксозиҳо бар хилофи қатъномаҳо ва мусавваботи байналмилалӣ, танҳо баргаҳое аз таърихи сиёҳи ин режим дар нақси усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилал, ҳуқуқи башару ҳуқуқи башардӯстона ба унвони рӯйкарду равияи собити режими саҳюнистӣ дар чанд даҳа гузашта будааст.