Май 18, 2023 09:39 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон хабар дод: Рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҷаддиди нерӯи ҳавоии артиш дар ояндаи наздик
    Фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон хабар дод: Рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҷаддиди нерӯи ҳавоии артиш дар ояндаи наздик

Фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳӯри Исломии Эрон гуфт: Дар сохти ҳавопаймоҳҳо бо сарнишин ва бидуни сарнишин, пешрафтҳои хубе ҳосил шудааст ва ба зудӣ теъдоде аз он рӯнамоӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сартип халабон, Ҳамиди Воҳидӣ, фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар боздид аз пойгоҳи ҳавоии ин нерӯ дар Бирҷанд ва дар ҷамъи фармондеҳон ва масъулони пойгоҳ афзӯд: Такия бар тавони худ ва иттико ба санъати дохилӣ, дар сохти ҳавопаймоҳҳои босарнишин ва бидуни сарнишин, решрафтҳои хубе ҳосил шудааст . Сартип халабон Воҳидӣ бо байни ин, ки тезпарвозони нерӯи ҳавои артиши Ҷумҳӯри Исломи  Эрон то охарин қатраи хун омодаи дифоъ аз осмони Эрони Исломӣ ҳастанд, гуфт:  Вазифаи нерӯи мусаллаҳ барқарории амният аст ва халабонони нерӯи ҳавоии артиш бо тамоми вуҷӯд аз осмон дифоъ мекунанд. Фармондеҳи нерӯи ҳавои артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар идома ишора ба  ҷанги таркибии душман гуфт: Аз аҳдофи муҳими душман дар ҷанги таркибӣ ва шинохтӣ тағиру ҷо ба ҷоии ҳаққу ботил ва табдили арзишҳо ба зиддӣ арзиш бо истифода аз ҷаҳлу но огоҳии афрод аст. Бар асоси ин гузориш, Амир сартиб Воҳидӣ фармондеҳи нерӯ аз ҷумла   дармонгоҳ, қароргоҳи сарбозӣ, ошёна, халабонон ва ғайра дар Беҷнурд, Маркази остони Хуросони Шимолӣ, шимолу шарқи Эрон боздид кард.

Барчасп