Раҳбари муаззами инқилоб : Дастҳои бегона барои эҷоди мушкил байни Эрону ҳамсоягон фаъол аст
(last modified 2023-05-20T09:31:40+00:00 )
Май 20, 2023 14:31 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : Дастҳои бегона барои эҷоди мушкил байни Эрону ҳамсоягон фаъол аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба марзҳои тӯлонии Эрон бо кишварҳои мутаъаддиду баъзан муҳим ва асаргузор гуфтанд: Дастҳои бегона барои эҷоди мушкили байни Эрону ҳамсоягони он фаъол аст, ки набояд иҷоза дод ин сиёсати онҳо муҳаққақ шавад .

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз ( шанбе ) дар дидори масъӯлони Вазорати умӯри хориҷа ва сафирони Ҷумҳурии исломии Эрон сиёсати иртибот бо кишварҳои исломӣ валав дар дурдаст ва ҳамчунин сиёсати иртибот бо кишварҳои ҳамҷиҳату ҳамроҳро муҳим баршумурданд ва афзуданд : Имрӯз ҳамроҳӣ ва ҳамҷиҳатии бархе кишварҳои бузургу муҳими дунё бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар бархе ҷараёнҳо ва хутути асосии сиёсати байналмилали падидаи бесобиқа аст, ки бояд бо қадр донистани ин фурсат иртиботот бо он кишварҳоро тақвият кунем .
Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба мавзӯи иҷлоси суфаро мабнӣ бар таҳаввул дар назми кунунии ҷаҳон ва пуртакрор шудани ин мавзӯ дар адабиёти ҷаҳонӣ гуфтанд: Таҳаввул дар назми ҷаҳонӣ як фароянди пурфарозу нишеб ва баландмуддату мутаъассир аз ҳаводиси эҳтимолии пешбининашуда аст ва кишварҳои мухталиф назарот ва рӯйкардҳои мутаоризу гӯногӯне ба он доранд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо табйини завобиту шохисҳои сиёсати хориҷии муваффақ; « иззат » ба маънои нафӣ ва  парҳез аз дипломосии илтимосӣ, « ҳикмат » ба мафҳӯми таъомулоту фаъолиятҳои хирадмандона ва муҳосибашуда ва « маслиҳат » ба маънои инъитоф барои давр задани мавонеъи сахт ва идома додани масирро се калидвожаи асосӣ дар дипломосии Эрон хонданд .
Раҳбари муаззами инқилоб надоштани эътимоди беҷо ба тарафҳои муқобилро рӯйи дигари мафҳӯми « ҳикмат » баршумурданд ва гуфтанд: Албатта набояд ҳар ҳарферо дар олами сиёсат дуруғ донист ; чаро ки ҳарфҳои содиқонаву қобили қабул вуҷӯд дорад, аммо набояд ба ҳамаи ҳарфҳо эътимод кард .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар ташреҳи як сиёсати хориҷии муваффақ ва ифтихоромез 6 зобитаи « тавоноии табйини иқноъкунандаи мантиқи рӯйкардҳои кишвар дар масоили мухталиф », « ҳузури асаргузору ҷиҳатбахш дар падидаҳо, ҳаводис ва ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ - иқтисодии ҷаҳон », « рафъу коҳиши сиёсатҳову тасмимоти таҳдидомез алайҳи Эрон », « тазъифи конунҳои хатарофарин », « тақвияти давлатҳову маҷмӯъаҳои муттаҳиду ҳамроҳ бо Эрон ва тавсеаи умқи роҳбурдии кишвар » ва « қудрати ташхиси лояҳои пинҳон дар тасмимоту иқдомоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ »-ро баён карданд .
 

 

Барчасп