Раҳбари муаззами инқилоб: Дастҳои бегона барои эҷоди мушкил байни Эрон ва ҳамсоягон фаъол аст
(last modified 2023-05-20T12:04:59+00:00 )
Май 20, 2023 17:04 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Дастҳои бегона барои эҷоди мушкил байни Эрон ва ҳамсоягон фаъол аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба марзҳои тӯлонии Эрон бо кишварҳои мутааддид ва баъзан муҳим ва асаргузор гуфтанд, дастҳои бегона барои эҷоди мушкил байни Эрону ҳамсоягони он, фаъол аст, ки набояд иҷоза дод ин сиёсати онҳо муҳаққақ шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (шанбе) дар дидори масъулони вазорати умӯри хориҷа ва сафирони Ҷумҳурии исломии Эрон, сиёсати иртибот бо кишварҳои исломӣ валав дар дурдаст ва ҳамчунин сиёсати иртибот бо кишварҳои ҳамҷиҳату ҳамроҳро муҳим баршумурданд ва афзуданд, имрӯз ҳамроҳӣ ва ҳамҷиҳатии бархе кишварҳои бузургу муҳими дунё бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар бархе ҷараёнҳо ва хутути асосии сиёсати байналмилалӣ падидае бесобиқа аст, ки бояд бо қадр донистани ин фурсат, иртиботот бо он кишварҳоро тақвият кунем.

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба мавзӯи иҷлоси суфаро мабнӣ бар таҳаввул дар назми кунӯнии ҷаҳон ва пуртакрор шудани ин мавзӯ дар адабиёти ҷаҳонӣ, гуфтанд, таҳаввул дар назми ҷаҳонӣ як фароянд пурфарозу нашебу баландмуддат ва мутаассир аз ҳаводиси эҳтимолии пешбинӣ нашудааст ва кишварҳои мухталиф назарот ва рӯйкардҳои мутаоризу гӯногӯне ба он доранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо табйини завобит ва шохисҳои сиёсати хориҷӣ муваффақ, «иззат» ба маънои нафӣ ва парҳез аз дипломасии илтимосӣ, «ҳикмат» ба мафҳӯми таъомулот ва фаъолиятҳои хирадмандона ва муҳосиба шуда ва «маслиҳат» ба маънои инъитоф барои давр задани мавонеъи сахту идома додани масирро се калидвожаи асосӣ дар дипломасии Эрон хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоб, надоштани эътимоди беҷо ба тарафҳои муқобилро рӯи дигар мафҳӯми «ҳикмат» баршумурданд ва гуфтанд, албатта набояд ҳар ҳарферо дар олами сиёсат дуруғ донист; чаро ки ҳарфҳои содиқона ва қобили қабӯл вуҷӯд дорад, аммо набояд ба ҳамаи ҳарфҳо эътимод кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар ташреҳи як сиёсати хориҷии муваффақу ифтихоромез, 6 зобита «тавоноии табйини иқноъкунандаи мантиқи рӯйкардҳои кишвар дар масоили мухталиф  , «ҳузури асаргузору ҷиҳатбахш дар падидаҳо, ҳаводису ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ - иқтисодии ҷаҳон», «рафъу коҳиши сиёсатҳо ва тасмимоти таҳдидомез алайҳи Эрон» , «тазъифи конӯнҳои хатарофарин», «тақвияти давлатҳо ва маҷмӯаҳои муттаҳиду ҳамроҳ бо Эрон ва тавсеаи умқи роҳбурдии кишвар» ва «қудрати ташхиси лояҳои пинҳон дар тасмимоту иқдомоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ»-ро баён карданд.

 

Барчасп