Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Иҷтимои ҳаҷ бояд пайғоме барои масоили рӯзи дунёи Ислом дошта бошад
(last modified 2023-05-21T12:04:27+00:00 )
Май 21, 2023 17:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, иҷтимои ҳаҷ бояд пайғоме барои масоили рӯзи дунёи Ислом дошта бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки бояд дар заминаи мафоҳими асливу бунёдини ҳаҷ фарҳангсозӣ анҷом шавад, фармуданд, иҷтимои ҳаҷ бояд пайғоме барои масоили рӯзи дунёи Ислом дошта бошад.

Дар остонаи эъзоми ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳилҳаром ба сарзамини ваҳй, дастандаркорону коргузорони ҳаҷҷи имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор афзуданд, ҳузур дар ҳаҷ барои як ҳадаф аст, иртиқои уммати исломӣ ва наздикии дилҳои оҳоди уммати исломӣ ба якдигар аст, он ҳадафи иттиҳоди уммати исломӣ аст.

Эшон дар идома афзуданд, имрӯз масъалаи дунё нуфузи қудратҳои истикборӣ аст, ҳама бояд ҷамъ бишаванд барои ин ки эъломи ҳузур бикунанд, эъломи қудрат бикунанд ва дар муқобили қудратҳои истикборӣ сина сипар кунанд.

 

Барчасп