Илали аҳамияти роҳбурдии иқдоми новгурӯҳи 86-и Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
(last modified 2023-05-22T06:59:16+00:00 )
Май 22, 2023 11:59 Asia/Dushanbe
  • Новгурӯҳи 86 –и Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
    Новгурӯҳи 86 –и Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон

Новгурӯҳи 86 –и Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз 8 моҳ дарёнавардӣ дар даври дунё, ба Эрон бозгашт.

Аҳамияти дарё марбут ба солҳову даҳаҳои ахир нест, балки ин аҳамият реша дар таърих дорад.

Ба лиҳози таърихӣ, бартарии дарёӣ дар қарнҳои гузашта муҳимтарин муаллафаи қудратманд будани кишварҳо маҳсуб мешуд.

Қудратҳои бузурги аврупоӣ дар қарнҳои 18 ва 19 тасаллут бар дарёҳоро ба унвони муҳимтарин манбаи қудрат дар назар гирифтаву сиёсати низомии худро дар ин росто танзим мекарданд.

Имрӯз низ ҳамчунон доштани қудрати бартари дарёӣ яке аз муаллафаҳои қудратманд будани кишварҳо аст. Ҷумҳурии исломии Эрон низ ба таври хос дар як даҳаи ахир бар тақвияти тавонмандии неруии дарёии худ таъкид дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар дидоре, ки апрели гузашта бо масъулону коргузорони низом доштанд, дар бораи аҳамияти дарё барои Ҷумҳурии исломии Эрон унвон карданд: "Дарё маркази баракат аст, мо ҳам аз лиҳози дарё хушбахтона дастамон боз аст, дар ҷануби кишвар ва дар шимоли кишвар дарё дорем. Иқтисодҳои муттакӣ ба дарё хеле иқтисодҳои бобаракате аст. ...”

Ин изҳори назари раҳбарӣ ҳокӣ аз нигоҳи вижаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба дарё аст.

Дар ҳамин росто, новгурӯҳи 86 Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон октябри соли гузашта озими маъмурияти сафари дарёнавардӣ ба даври кураи Замин шуд. Иқдоми новгурӯҳи 86 дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст.

Аввал ин ки; барои аввалин бор дар тӯли таърих Неруи дарёии Эрон ин маъмурияти 360 дараҷа ва паймудани даври дунёро анҷом дод.

Дувум ин ки; аз муҳимтарин нукоти ҳоизи аҳамияти маъмурияти новгурӯҳи 86 Неруии дарёии артиш ин буд, ки ин маъмурият бо новшикани Дено ва новбандари Макрон анҷом шуд. Таҷҳизоту нармафзорҳои эронӣ дар болотарин сатҳи технологӣ тавонист худро дар сахттарин маъмурият ба исбот бирасонад.

Сеюм ин ки; анҷоми амалиётҳои фароқораӣ тавассути Неруи дарёии Эрон дар обҳои дурдаст исбот мекунад, Эрон бозигаре ҷаҳонӣ дар арсаи дарёӣ буда ва акнун ба мизони қобили таваҷҷуҳе аз боздорандагии дарёӣ расидааст.

Чаҳорум ин ки; барномарезии саҳеҳ, дастури кори амалиётӣ ва масирёбии дақиқи новгурӯҳ барои тай кардани масире ба ҳудуди 63 ҳазор километр ва убур аз уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлас ва ҳузур дар канали Панама ва низ убур аз тангаҳои муҳиму роҳбурдии ҷаҳон натиҷаи омӯзиши дақиқ ва як соли анҷоми мутолеоти коршиносони неруи дарёӣ буд.

Панҷум ин ки; ба қавли амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, яке аз илали аҳамияти иқдоми новгурӯҳи 86 амалиёти лаҷистику пуштибонии беназире ки аз ин новгурӯҳ ба амал омад, аст. Ба гуфта дарёдор Эронӣ, дар ҳавзаи омода ва пуштибонӣ ба гунае амал шуд, ки тамоми ниёзмандиҳои ин маъмурият барои муддати ҳашт моҳ таъмин шуда буд ва ҳатто аввалин бемористони дарёӣ ба унвони бемористони мустақил ва бо таҷҳизоти комил ( утоқи амал – бонки хун) дар новгурӯҳ мустақар шуда буд.

Шашум ин ки; ин новгурӯҳ муташаккил аз новшикани Денор ва новбандари Макрон пас аз моҳҳо дарёнавардиву паҳлугирӣ дар банодиру убур аз тангаҳои мухталиф дунё тавонист бо иқтидор вориди ҳаёти хилвати Амрико шавад. Амрико ба ҳадде аз иқдоми новгурӯҳи 86 асабонӣ буд, ки дар иқдоме аҷиб новшикани Дено ва новбандари Макронро таҳрим кард, аммо ин амали Амрико низ натавонист монеи муваффақияти новгурӯҳи 86 шавад.

Нуктаи поёнӣ ин ки; новгурӯҳи 86 Нидоҷо бо анҷоми муваффақиятомези ин маъмурияти бузург, яке аз муаллафаҳои қудрат ва тавсеаёфтагӣ дар арсаи байналмилалӣ, ки қудрати амнияти дарёӣ астро тавонист ба хубӣ маъно кунаду иқтидори Ҷумҳурии исломии Эронро дар арсаи дарё ба ҷаҳониён ба исбот бирасонад.