Канъонӣ: Содиркунандагони таслеҳот ба минтақа аз иқтидори дифоии Эрон нигаронанд
(last modified Fri, 26 May 2023 12:00:09 GMT )
Май 26, 2023 17:00 Asia/Dushanbe
  • Носири Канъонии Чофӣ
    Носири Канъонии Чофӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, давлатҳое ки дар садри содиркунандагони таслеҳот ба минтақа қарор доранд, имрӯз аз пешрафту иқтидори дифоии Эрон ибрози нигаронӣ мекунанд.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар твитте навишт: “Ҳамон давлатҳои ғарбӣ, хоса Амрикову Фаронса, ки нақши муҳиме дар таҳрику таслеҳи режими баъси Саддом ба таҷовузи низомиву мушакборони шаҳрҳо ва мардуми бедифои Эрон доштанд ва дар садри содиркунандагони таслеҳот ба минтақа қарор доранд, имрӯз аз пешрафту иқтидори дифоии Эрон ибрози нигаронӣ мекунанд. Онҳо бо Эрони қавӣ мухолифанд”.

Мушаки “Хайбар”, ки ҷадидтарин нусха аз хонаводаи мушакҳои Хуррамшаҳр аст, мушаки сӯхти мойеъ бо бурди 2000 километр ва сарҷангии 1500 килограмӣ аст, ки илова бар бархӯрдорӣ аз вижагиҳои роҳбурдӣ, аз вижагиҳои тактикӣ низ бархӯрдор аст.