Декабр 22, 2016 12:37 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии раисиҷумҳури Қазоқистон аз Рӯҳонӣ

Раисиҷумҳурии Қазоқистон дар Кохи раёсатҷумҳурии ин кишвар, аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври расмӣ истиқбол кард.

Пас аз маросими истиқболи расмӣ, музокироти дуҷонибаи Ҳасани Рӯҳонӣ ва Нурсултон Назарбоев оғоз шуд.

Густариши равобит ва ҳамкориҳои муштараки ҳамаҷониба дар заминаҳои мухталиф ва эҷоид таҳаррук ва шитоб дар равобити Теҳрон- Остона аз меҳварҳои музокироти раисони ҷумҳурӣ ва ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Қазоқистон аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ чаҳоршанбешб ба даъвати расмии раисиҷумҳури Қазоқистон ва дар чорчӯби густариши равобит ва тақвияти ҳамкориҳо бо ҳамсоягон, аз Еревани Арманистон вориди Остона шуд ва дар лаҳзаи вуруд, аз сӯи Женис Қосимбек, вазири сармоягузорӣ ва тавсеаи Қазоқистон, сафир ва масъулони сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он кишвар, мавриди истиқбол қарор гирифт.

Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар сафар ба Арманистон бо раисиҷумҳурӣ ва нахуствазири ин кишвар дидор кард ва дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар ва ҳамоиши муштарак бозаргонон ва фаъолони иқтисодии Эрон ва Арманистон ширкат кард.

Ҳамчунин масъулони Эрон ва Арманистон дар ҳузури раисониҷумҳурии ду кишвар, панҷ санад ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

 

Барчасп