Амирабдуллоҳиён: Гуфтугуҳои ҳадафманду муассир миёни Эрону тарафҳои аврупоӣ дур аз интизор нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i103102-Амирабдуллоҳиён_Гуфтугуҳои_ҳадафманду_муассир_миёни_Эрону_тарафҳои_аврупоӣ_дур_аз_интизор_нест
Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба нақши Белгия дар Иттиҳодия Аврупо метавон интизор дошт дар сояи эҳтироми мутақобил, барқарории гуфтугӯҳои ҳадафманду муассир дар дастури кори Ҷумҳурии исломии Эрону тарафҳои аврупоӣ қарор гирад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июн 03, 2023 16:57 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Гуфтугуҳои ҳадафманду муассир миёни Эрону тарафҳои аврупоӣ дур аз интизор нест

Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба нақши Белгия дар Иттиҳодия Аврупо метавон интизор дошт дар сояи эҳтироми мутақобил, барқарории гуфтугӯҳои ҳадафманду муассир дар дастури кори Ҷумҳурии исломии Эрону тарафҳои аврупоӣ қарор гирад.

Ба гузориши ИРНА, Хаджа Лабиб (Hadja Lahbib), вазири умури хориҷаи Белгия бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон телефонӣ гуфтугӯ кард.

Вазири хориҷаи Белгия низ дар ин гуфтугӯ аз мусоидати Ҷумҳурии исломии Эрон барои кумак ба ҳалу фасли мавзӯи зиндониёни аврупоӣ, қадрдонӣ кард.

Лабиб дар ин хусӯс бо ёдоварии иқдоми инсондӯстонаи Эрон ибрози умедворӣ кард, ки мутаоқиби таҳаввули ахир, уфуқи ҷадиде дар равобити ду кишвар боз шавад.