Июн 08, 2023 17:30 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Ба неруҳои мусаллаҳ, ки маҳсӯли мушакиро тавлид мекунанд, ифтихор мекунем

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Ба неруҳои мусаллаҳ, ки имрӯз маҳсӯли мушакиро тавлид мекунанд ва дунёро хира мекунад ифтихор мекунем.

Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз ( панҷшанбе ) дар ҷашни эҳёи 220 воҳиди тавлидии устони Озарбойҷони шарқӣ ширкат кард.
Раиси ҷумҳӯр дар оғози дуюмин сафари давлати сездаҳум ба Озарбойҷони шарқӣ бо ҳузур дар шаҳраки санъатии Чармшаҳр, зимни боздид аз яке аз воҳидҳои тавлидии ин шаҳрак аз наздик дар ҷараёни фаъолиятҳои он қарор гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҷумҳӯр дар ин маросим гуфт : Сохти мӯшак ифтихор аст ва ба неруҳои мусаллаҳ, ки имрӯзи маҳсӯли мушакиро тавлид мекунанд ва дунёро хира мекунад ифтихор мекунем .
Раиси ҷумҳӯри Эрон афзуд : Давлату маҷлис худро мукаллаф бар ҳимоят аз тавлидкунандагон медонад ва қатъан бидонед ҳам ҳимояти молӣ, ҳам ҳимояти қазоӣ хоҳед шуд.
Раисӣ ҳамчунин гуфт : Душман намехоҳад дар кишвар тавлид ва иштиғол дошта бошем, балки мехоҳад бекорӣ ва камбуди даромад дошта бошем то таслими онҳо шавем.
 

 

Барчасп