Гуфтугуи телефонии Раисӣ ва Макрон
(last modified 2023-06-10T15:30:21+00:00 )
Июн 10, 2023 20:30 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи телефонии Раисӣ ва Макрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва раисиҷумҳури Фаронса телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Ҷамшедӣ, муовини сиёсии дафтари раисиҷумҳур дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер” аз тамоси телефонии имрӯз (шанбе) Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса бо Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод.

Раисони ҷумҳурии Эрону Фаронса ҳамчунин дар бораи пешбурди равобит ба хусӯс музокироти рафъи таҳрим ва таҳаввулоти минтақаӣ, ройзанӣ ва дар бораи наҳваи идомаи таомул низ тавофуқ карданд.

 

Барчасп