Гуфтугуи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i103458-Гуфтугуи_телефонии_вазирони_хориҷаи_Эрон_ва_Қатар
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Қатар дар бораи масоили мавриди алоқаи ду ҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугу ва табодули назар карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 12, 2023 09:55 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар
    Гуфтугуи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Қатар

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Қатар дар бораи масоили мавриди алоқаи ду ҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугу ва табодули назар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуӣ телефони бо шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон оли Сонӣ нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар бо ёдоварии равобити дустона ва наздикии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва давлати Қатар бар густариши беш аз пеши муносибатҳои ду ҷониба таъкид кард.

Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар низ бо ибрози хурсанди аз равобити дустонаи Эрон ва давлати Қатар аз талошҳои байни ду кишвар ва пешрафти муносибот тамҷид ва бар идомаи ройзаниҳои наздики тарафайн таъкид кард.