Июн 15, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Музокироти мақомоти Эрону Никарагуа муфиду созанда буд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон музокироти мақомоти ду кишвари Эрону Никарагуаро дар ҷиҳати густаришу тақвияти ҳамкориҳо муфиду созанда тавсиф кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи сафари Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба се кишвари Венесуэла, Никарагуа ва Куба дар мулоқот бо вазири хориҷаи Никарагуа дар хусӯси охирин раванди таҳаввулоти дуҷонибаву масойили байналмилалӣ гуфтугу ва табодули назар карданд .
Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони зимни ташаккур аз мизбонии давлати Никарагуа аз ҳайати олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон музокироти байни мақомоти ду кишвар дар ҷиҳати густаришу тақвияти ҳамкориҳоро муфиду созанда тавсиф кард.
Деннис Монкада-вазири хориҷаи Никарагуа низ зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузури ҳайати баландпояи Эрон дар Манагуа омодагии кишвараш барои афзоиши сатҳи тамосҳо ва низ таҳкиму танаввуъ бахшидан ба ҳамкориҳо ба хусӯс дар ҳавзаҳои иқтисодиро мавриди таъкид қарор дод.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз ( панҷшанбе ) ва дар понздаҳумин мақсади сафари худ вориди Гавана-пойтахти Куба шуд.

 

 

Барчасп